IQNA

Оғози мусобиқоти байналмилалии навобиғи қуръонӣ дар Миср

20:32 - April 21, 2024
рақами хабар: 1393
ИКНА - Мусобиқотми байналмилалии навобиғи қуръонӣ дар Миср бо ҳузури Муҳаммад Мухтор Ҷумъа, вазири Авқофи Миср дар масҷиди Саҳоба воқеъ дар шаҳри Шармушшайхи Миср рӯзи гузашта, аввали урдибиҳишт оғоз шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, мусобиқоти байналмилалии навобиғи қуръонӣ дар Миср бо ҳузури Муҳаммад Мухтор Ҷумъа, вазири Авқофи Миср дар масҷиди Саҳоба воқеъ дар шаҳри Шармушшайхи Миср рӯзи гузашта, 20 апрел баробар бо аввали урдибиҳишт оғоз шуд.

Муҳаммад Мухтор Ҷумъа, вазири Авқофи Миср дар ҷараёни ифтитоҳияи ин маросим, таъкид кард: ин мусобиқа бо ҳадафи пазириш ва ташвиқи навобиғи ҳифзи Қуръони Карим ва фарҳанги исломии Миср, ташвиқи барҷастатарин навобиғи қуръонӣ аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва огоҳсохтани онҳо аз таҷрибаи пешгоми Миср дар хидмат ба Қуръони Карим ва густариши андешаҳои ақлонӣ ва равшангаронаи динӣ баргузор мешавад.

Аз сӯи Холид Фуда, устондори устони ҷануби Сино низ дар маросими ифтитоҳия гуфт: масҷиди Саҳоба намоде аз масоҷиди Шармушшайх ба шумор меравад ва метавон онро минораи дурахшаши фарҳангӣ ва тамаддунии ин шаҳр тавсиф кард. Ин масҷид бо меъмории мунҳасирбафрд ва мутамоизи он мақсаде барои гардишгарон аст. Дар ин масҷид як китобхонаи арзишманд ва як маркази фарҳангии исломӣ низ қарор дорад, ки пажӯҳишгарон ва донишҷуён аз он баҳра мебаранд.

Шоёни зикр аст мусобиқоти байналмилалии навобиғи қуръонии Миср дар ду марҳала баргузор мешавад: марҳалаи муқаддамотӣ шомили ҷавоизе ба арзиши 650 ҳазор павнд мисрӣ аст, ки аз ин маблағ 125 ҳазор павнд барои барандагони бахши аввал, 125 ҳазор павнд барои бахши дувум, 100 ҳазор павнд барои бахши севум, 150 ҳазор павнд дар бахши чаҳорум ва 150 ҳазор павнд барои бахши панҷум ба ҳамроҳи намояндагии мақоми аввал ва дувуми ҳар шоха дар мусобиқоти байналмилалӣ аст.

Марҳалаи дувуми ин мусобиқот низ шомили ҷавоизе ба маблағи 2,300.000 павнд мешавад, ки аз ин маблағ 500 ҳазор павнд барои барандагони бахши аввал, 500 ҳазор павнд барои бахши дувум, 250 ҳазор павнд барои бахши севум, 300 ҳазор павнд барои бахши чаҳорум, 500 ҳазор павнд барои бахши панҷум ва 300 ҳазор павнд ҷавоизи ташвиқӣ мешавад.

https://iqna.ir/00HfdY

captcha