IQNA

Замони поёни ишғолгарии саҳюнистҳо фаро расидааст

13:14 - April 22, 2024
рақами хабар: 1396
ИАНА - Яке аз мақомоти Созмони Милали Муттаҳид бар зарурати поён ёфтани ишғолгарии режими саҳюнистӣ ва ҳаллу фасли сиёсии даргириҳо таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории шабакаи Алҷазира, “Филип Лазарини” комиссари кулли ожонси кор ва имдоди оворагони фаластинии (UNRWA) таъкид кард, ки авзоъ дар Каронаи Бохтарӣ ба вижа урдугоҳҳои оворагони фаластинӣ ҳар рӯз бадтар мешавад.

Вай дар идома афзуд: амалиёти ахири Телавив дар урдугоҳи Нурушшамс боиси барҷой мондани теъдоде қурбонӣ ва ворид омадани хисоратҳои густурда ба хонаҳо ва зерсохтҳои ин урдугоҳ шуд.

Филип Лазарини тасреҳ кард: аз оғози ҷанг алайҳи Навори Ғазза дар ҳафти октябри соли гузаштаи мелодӣ токунун садҳо тан дар Каронаи Бохтарӣ аз ҷумла 112 кӯдаки фаластинӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Вай баён кард: Мо шоҳиди маҳдудиятҳои омадушуд дар Каронаи Бохтарӣ ва иқдомоти хушунатомези шаҳракнишинон алайҳи сокинон ин минтақа ҳастем ба тавре, ки онҳо монеъи касб ва кори фаластиниҳо дар Каронаи Бохтарӣ ва густариши тарс ва ваҳшат дар миёни онҳо шудаанд.

Филип Лазарини таъкид кард: замони поён додан ба ишғолгарӣ ва ҳаллу фасли тӯлонитарин даргириҳо аз тариқи роҳкорҳои сиёсӣ ва пойбандии воқеӣ ба сулҳ фаро расидааст.

Расонаҳои ибрӣ забон рӯзи гузашта изъон карданд, ки нигарониҳое дар режими саҳюнистӣ мабнӣ бар муташанниҷ шудани авзоъ дар Каронаи Бохтарӣ вуҷуд дорад.

Ин расонаҳо изофа карданд: шароити мазкур баъд аз амалиёти урдугоҳи Нурушшамс ва эъломи афзоиши даргириҳо бо Телавив тавассути ҷунбиши Фатҳ ташдид шудааст.

Дар пайи ҷинояти режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар юриш ба урдугоҳи Нурушшамс дар Тӯлкарам ва ба шаҳодат расондани 14 фаластинӣ рӯзи гузашта дар Каронаи Бохтарӣ  эътисоби умумӣ эълом шуд. Рӯзи шанбе низ ҷунбиши Ҳамос хостори эътисоби умумӣ дар Каронаи Бохтарӣ шуда буд.

Ҳамла ба Каронаи Бохтарӣ бо ҳадафи хомӯш кардани шӯълаи муқовимат

Дари ҳамин иртибот, низомиёни палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ бомдоди имрӯз бо ҳадафи густариши тарс ва ваҳшат дар Каронаи Бохтарӣ ва боздошти беҳисоб ва китоби ҷавонони фаластинӣ ба шаҳрҳои мухталифи ин минтақа ҳамла бурданд.

Ба гузориши хабаргузории хабарнигори шабакаи Ал-Маёдин, низомиёни хуношоми саҳюнистӣ ба минтақаи Байт Амр воқеъ дар шимоли Ал-Халил ҳамла карда ва ба самти сокинони ин минтақа гази ашковар шиллик ва тирандозӣ карданд.

Ин аносири мутаҷовиз ба урдугоҳи Балота воқеъ дар шарқи Наблус низ ҳамла карданд. Вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин низ аз захмӣ шудани дасти кам шаш фаластинӣ ба зарби гулӯлаи низомиёни ҷинояткори саҳюнистӣ ва шаҳрак нишинон дар минтақаи Барқо воқеъ дар шарқи Ромуллоҳ хабар дод.

Шаҳри Тубас, минтақаи Ҷабал Ҷовҳар дар ҷануби Ал-Халил, шаҳри Байтуллҳм ва рустои Мадма дар ҷануби Наблус низ шоҳиди ҳамлаи ваҳшиёнаи низомиёни ҷинояткори саҳюнистӣ будаанд.

Низомиёни ишғолгар ҳамчунин ба минтақаи Метлон дар ҷануби Ҷанин ҳамла карданд.

Бошгоҳи асирони Фаластин рӯзи гузашта эълом кард, ки шумори Фаластиниҳои сокини Каронаи Бохтарӣ, ки ба асорати низомиёни артиши режими саҳюнистӣ даромадаанд боз ҳам афзоиш ёфтааст.

 

Бар асоси гузориши ин муассисаи ҳуқуқи фаластинӣ артиши режими манҳуси саҳюнистӣ дар ҷараёни ҳамлаи се рӯзаи худ ба урдугоҳи «Нурушшамс» дар «Тӯлкарам» воқеъ дар Каронаи Бохтарӣ 50 шаҳрванди фаластинӣ аз ҷумла бархе афрод захмишударо боздошт кардааст.

Ҳамчунин бошгоҳи асирони Фаластин гузориш дод, ки шумори Фаластиниҳое, ки пас аз оғози амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо дар ҳафтуми октябри соли гузаштаи мелодӣ аз сӯи артиши режими саҳюнистӣ дар Каронаи Бохтарӣ боздошт шудаанд ба ҳашт ҳазор ва 400 нафар расидааст.

https://tajikpress.com/2024/04/22/

captcha