IQNA

Идомаи бомбаборони хонаҳои маскунӣ дар Навори Ғазза

10:59 - April 21, 2024
рақами хабар: 1390
ИКНА - Бомбаборони хонаҳои маскунӣ дар Навори Ғазза, эъломи эътисоби умумӣ дар Каронаи Бохтарӣ ва вуқӯъи даргирӣ дар ин минтақа аз ҷадидтарин ахбори марбут ба Фаластин аст.

Дар канори ташдиди ҳамлаҳои заминӣ ва ҳавоии режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ алайҳи мардуми мазлуми Навори Ғазза ҳамлаи ваҳшёнаи режими саҳюнистӣ ба Каронаи Бохтарӣ ва барҷой мондан дасти кам 14 шаҳид боиси муташанниҷ шудани авзоъи ин минтақа шудааст.

Хабарнигори шабакаи Ал-Маёдин гузориш дод, ки ишғолгарони саҳюнистӣ хонаҳои маскуниро дар хиёбони Ҷорҷ муқобили масҷиди Ат-Тобиъин дар шарқи шаҳри Рафаҳ ҳадаф қарор доданд, ки дар пайи ин ҳамлаи ваҳшёнаи аносири артиши режими хуношоми саҳюнистӣ теъдоде аз шаҳрвандони фаластинӣ ба шаҳодат расида ва теъдоде низ захмӣ шуданд.

Бар асоси гузоришҳои расонаӣ урдугоҳи Шабурах воқеъ дар маркази шаҳри Рафаҳ низ шоҳиди ҳамлаҳои ҳавоии ҷангандаҳои режими ҷинояткори саҳюнистӣ буда, ки ба думболи он дасти кам се фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд.

Ҳамчунин бомбаборони хонаҳои маскунӣ дар шаҳри Рафаҳ тайи бомдоди имрӯз дасти кам ҳашт шаҳид аз ҷумла панҷ кӯдак барҷой гузошт.

Ҷангандаҳои мутаҷовизи режими кӯдаккуши саҳюнистӣ минтақаи наздик ба чаҳорроҳи Ал-Сенафур воқеъ дар шарқи шаҳри Ғаззаро низ бомбаборон карданд. Тӯпхонаи режими ғосиби саҳюнистӣ низ минтақаҳои Аз-Заҳро ва Ал-Мағориқа воқеъ дар маркази Навори Ғаззаро зери оташ гирифтанд.

Аз сӯи дигар ниҳоди дифоъи мадании Навори Ғазза эълом кард, ки неруҳои ин ниҳод як гӯри дастаҷамъиро дар дохили муҷтамеъи пизишкии Носир дар Хон Юнус шиносоӣ карданд, ки бар асоси эълом ин ниҳоди фаластинӣ, 50 пайкари шуҳадои Фаластиние, ки тавассути ишғолгарони саҳюнистӣ ба сурати дастаҷамъӣ дар ин гӯр хок шуда буданд шиносоӣ шуданд.

Аз сӯи дигар дар пайи ҷинояти саҳюнистҳо дар юриш ба урдугоҳи Нурушшамс дар Тӯлкарам ва ба шаҳодат расондани 14 фаластинӣ имрӯз якшанбе дар Каронаи Бохтарӣ эътисоби умумӣ эълом шудааст.

Рӯзи гузашта низ ҷунбиши Ҳамос хостори эътисоби умумӣ дар Каронаи Бохтарӣ шуда буд, ки ҷунбиши исломии Ҳамос дар баёнияи худ таъкид кард: Мо аз мардуми худ дар Каронаи Бохтарӣ мехоҳем, ки якшанбе ба эътисоби умумӣ мутааҳҳид шаванд ва ҳамаи майдонҳо ва нуқоти рӯёрӯиро ба забонаи оташ дар баробари ишғолгарон табдил кунанд ва силоҳҳоро ба самти мутаҷовизон ва шаҳракнишинони ҷинояткор нишона бигиранд.

Вазорати беҳдошти Фаластин теъдоди шуҳадои ҳамлаи ахири режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба урдугоҳи Нурушшамс дар Тӯлкарам воқеъ дар Каронаи Бохтариро 14 нафар эълом кард.

Ҷунбиши Фатҳ ҳам дар вокуниш ба ҷинояти саҳюнистҳо дар Тӯлкарам ва Ғазза рӯзи якшанберо эътисоби умумӣ эълом кард.

Дар ҳамин хусус Абдурраҳмон Шадид яке аз раҳбарони ҷунбиши исломии Ҳамос дар гуфтугӯ бо шабакаи Ал-Маёдин таъкид кард: таҷовузоти режими саҳюнистӣ алайҳи Каронаи Бохтарӣ бо ҳадафи куштори сокинони он ва тахриби зерсохтҳои ин минтақа сурат мегирад.

Вай дар идома афзуд: ишғолгарони саҳюнистӣ масирҳои иртиботии шаҳрҳои Каронаи Бохтариро ҳамзамон бо ҳамлаҳои шаҳракнишинон ба рустоҳо ва шаҳрҳои фаластинӣ қатъ мекунанд.

Шадид тасреҳ кард: фарохони имрӯз мабнӣ бар набард бо душмани саҳюнистӣ дар воқеъ талош барои ноком гузоштани нақшаи режими саҳюнистӣ алайҳи Каронаи Бохтарӣ ва тағйири авзоъи Масҷидулақсо аст. Амрико аз ишғолгарони саҳюнистӣ ҳимояти таслиҳотӣ ва молӣ ба амал меоварад.

Ҳамалоти мушакии Ҳизбуллоҳ алайҳи мавозеъи ишғолгарони саҳюнистӣ 

Дар идомаи ҳамалоти режими палиди саҳюнистӣ ба мардуми мазлуми Ғазза, муқовимати исломии Лубнон баъд аз зуҳри дирӯз чанд нуқта дар шимоли Фаластини ишғолиро мавриди ҳадаф қарор дод.

Бар асоси гузориши манобеи хабарӣ, муқовамати исломии Лубнон аз ҳамла ба таҷҳизоти ҷосусии артиши ишғолгари  саҳюнистӣ  дар нуқтаи марзии «Ар-Роҳиб» ва исобати дақиқ ба ҳадаф хабар дод.дар ин росто шабакаи Алҷазира низ эълом кард, ки минтақаи «Ал-Ҷалилаи Ғарбӣ» дар шимоли Фаластини ишғоли ҳадафи ҳамалоти мушакӣ аз ҷониби Лубнон қарор гирифтааст. Алҷазира гуфт, ки 4 мушак ба самти минтақаи «Рависотул-Илм» дар таппаҳои ишғолии Кафаршабо шиллик шудааст. Расонаҳои исроилӣ низ аз ба садо даромадани ожирҳои ҳушдор дар шаҳраки «Эвин Менахем» дар наздикии марзи Лубнон хабар доданд. Пас аз он муқовимати исломии Лубнон эълом кард, ки таҷаммӯъи низомиёни исроилиро дар ин шаҳрак бо мушак ҳадаф қарор дода, ки мӯҷиби талафот дар миёни онҳо шудааст.

Ҳамлаи кӯбандаи муқовимати исломии Ироқ ба ҳадафи муҳимме дар Ҷавалони ишғолӣ

Дар ҳамин робита, муқовимати исломии Ироқ бомдоди имрӯз якшанбе ба ҳадафи муҳимме дар Ҷавалони ишғолӣ бо чандин фарванд паҳпод ҳамла кард.

Ба гузориши хабаргузории Ал-Маёдин, муқовимати исломии Ироқ эълом кард дар ҳимоят аз Ғазза ва посух ба ҷиноёти душмани саҳюнистӣ алайҳи ғайри низомиёни фаластинӣ, ба як ҳадафи ҳаётӣ дар Ҷавалони ишғолӣ бо чандин фарванд паҳпод ҳамла кард.

Хабарнигори Ал-Маёдин гузориш дод, ки муборизони муқовимати исломии Ироқ, бомдоди имрӯз якшанбе 21 апрели 2024 як ҳадафи ҳаётиро дар Ҷавалони ишғолӣ бо чандин паҳпод ҳадаф қарор доданд.

Дар баёнияи муқовимати исломии Ироқ омадааст: муборизони муқовимати исломӣ дар Ироқ дар идомаи рӯйкарди муқовимат дар баробари ишғолгарӣ, ҳимоят аз мардуми Ғазза ва дар посух ба қатлиоммҳои режими ғосиб ва кӯдаккуши саҳюнистӣ алайҳи ғайри низомиёни фаластинӣ аамми аз кӯдакон, занон ва солхурдагон, субҳи имрӯз якшанбе 21 апрели 2024 як ҳадафи ҳаётӣ дар Ҷавалони ишғолиро бо чандин паҳпод ҳадаф қарор дод.

Дар ин баёния бар тадовуми ин ҳамалот барои ҳадаф қарор додан ва дарҳам кӯбидани маҳалли таҷаммӯъ ва истиқрори низомиёни душман таъкид шудааст.

Муқовимати исломии Ироқ бори дигар бар дар ҳам кӯбидани мавозеъи ишғолгарон таъкид кард.

https://tajikpress.com/2024/04/21/

captcha