IQNA

Талоши Иттиҳодияи масоҷиди Аврупо барои муқобила бо исломситезӣ

20:19 - April 21, 2024
рақами хабар: 1392
Иттиҳодияи масоҷид, анҷуманҳову раҳбарони мусулмони Аврупо нахустин нишасти худро ба тарвиҷи арзишҳои исломӣ ва муқобила бо исломситезии “аҳзоби рости ифротӣ” ихтисос дод.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Иттиҳодияи масоҷид, анҷуманҳову раҳбарони мусулмони Аврупо нахустин нишасти худро ба баррасии масаълаи тарвиҷу нашри арзишҳои исломӣ ва мубориза бо табъиз алайҳи мусулмонон аз сӯи аҳзоби рости ифротӣ ихтисос дод.

Ин нишаст ҷумъа, 19 апрел дар Пориж баргузор шуд.

Ҳадаф аз таъсиси ин иттиҳодия, талош барои муттаҳид сохтани наҳодҳову раҳбарони мусулмонон дар Аврупо ба манзури муаррифии ҷанбаи равшани Ислом ва ислоҳи тасвири Ислому мусулмонон дар ғарб баён шудааст.

Шамсиддин Ҳафиз, масъул ва эмоми масҷиди ҷомеи Париж, ки раёсати ин эътилофро бар уҳда дорад, тавзеҳ дод, ки ҳадаф аз ин иқдом, ҳифзи каромату шаҳрвандии мусулмонони Аврупо  баланд бардоштани арзишҳои ҳамзистӣ ва ҳимоят аз манофеи умумӣ ва ҳамчунин афзоиши ҳамоҳангӣ байни ниҳодҳои исломӣ мебошад, зеро набуди ин ҳамбастагӣ боиси тазъифи мусулмонон ва эҷоди мушкил шудааст, ки имкони ҳузури ашколи мухталифи ифротгароиро фароҳам мекунад.

Ба гуфтаи Ҳафиз дарҳои ин иттиҳодия ба рӯи тамомии мусулмонон боз аст. Ба гуфта вай бо тавваҷуҳ ба афзоиши нажодпарастӣ, исломситезӣ ва таассуб алайҳи мусулмонон ва ҳамчунин шиддат гирифтани фаъолиятҳои сиёсӣ ва расонаии аҳзоби рости ифротӣ, мо хоҳони афзоиши мушорикати сиёсии мусулмонон барои дифоъ аз арзишҳои исломи ростин ва мубориза бо мазоҳири нафрату табъиз алайҳи мусулмонон ҳастем. Вай ҳамчунин бар лузуми ҳамбстагии сафҳои мусулмонон барои ширкат дар интихобот барои таваққуфи мавҷи рости ифротӣ таъкид кард.

https://iqna.ir/00Hfci

captcha